Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон сафири Британияи Кабирро ба ҳузур пазируфт

    17 июли соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир дар кишвари мо Тимоти Торлотро ба муносибати анҷоми фаъолияти дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.

    Вазир ба нақши сафир дар густариши ҳамкориҳои байни кишварҳои мо дар солҳои охир баҳои баланд дод.

    Т.Торлот, дар навбати худ, барои кумаки ҳамаҷониба дар кори ӯ ба ҳайси роҳбари намояндагии дипломатии Британияи Кабир дар Ӯзбекистон изҳори сипос намуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.