Сафари намояндаи махсуси ҳукумати Чин ба 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ӯзбекистон ва ҶМЧ (2 январи соли 1992) рост меояд. Дурнамои густариши минбаъдаи робитаҳо ҳам дар формати дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби муколамаи “Чину Осиёи Марказӣ” баррасӣ шуданд. Ба ҳам наздик будани мавқеъҳои Ӯзбекистон ва Чин оид ба масъалаҳои мубрами сиёсати минтақавӣ таъкид гардид.
Раванди иҷрои тавофуқоти қаблан ҳосилшуда ва ҷадвали мулоқотҳои дарпешистода дар сатҳҳои гуногун баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо омодагиашонро ба ҳамкорӣ дар доираи “Барномаи ҷашни 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои Ўзбекистон ва Чин” изҳор намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.