В.Норов кайд кард, ки Иттиҳод минбари серталаб барои табодули афкор аз рӯи масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ буд ва мебошад.

Омодагии тарафайн ба ҳамкории фаъол дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн тасдиқ карда шуд.

Ҷанбаҳои гуногуни чорабиниҳои дарпешистода, аз ҷумла баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони ИДМ дар Ӯзбекистон баррасӣ шуданд.

Доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ба раиси Кумитаи Иҷроияи ИДМ дар бораи дар Ӯзбекистон баррасӣ шудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, ки афзалияти асосии он инсон, ҳаёт, озодӣ, шаъну шараф, ҳуқуқ ва манфиатҳои дахлнопазири ӯ мебошад, муфассал маълумот дода шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.