Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо мушовири Президенти Фаронса мулоқот кард

    3 апрели соли 2023 сарвари ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо мушовири Президенти Ҷумҳурии Фаронса Изабел Дюмон мулоқот анҷом дод.

    Дар рафти музокирот ҷараёни татбиқи созишномаҳои дар чаҳорчӯби сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Фаронса 21-22 ноябри соли 2022 ба дастомада баррасӣ шуданд.

    Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории Ӯзбекистону Фаронса дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра, пешниҳодҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва сайёҳиро мавриди муҳкима қарор доданд.

    Ҳамчунин дар бораи ҷадвал ва ҷанбаҳои ташкилии мулоқотҳои дарпешистода дар сатҳу форматҳои гуногун табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates