Сарвари ВКХ Ӯзбекистон бо муовини Сарвазири Уммон мулоқот кард

    26 июни соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов дар доираи сафари худ ба Уммон бо Саид Асад бин Тариқ Ол Саид, муовини Сарвазири Уммон ва намояндаи шахсии Султон Ҳайсам бин Тариқ Ол Саид мулоқот анҷом дод.

    Вазир ба ҷониби Уммон барои дастгирӣ ҷиҳати ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои Ӯзбекистону Уммон дар ҳама ҷиҳат изҳори сипос намуд.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории ҷомеаҳои соҳибкорӣ, пешбурди табодули мунтазам, таҳкими заминаи шартномавии шарикӣ, рушди сайёҳии мутақобила ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.