Зиёда аз 1600 нафар сокинон кӯчонида шуданд ва садҳо бино “дар остонаи фалокат қарор доранд”. Дар шаҳр тақрибан 25 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.
Дар маҷмӯъ, 880 бино дар минтақаи хатарнок ҷойгир шудаанд. Маркази таърихии Нишемӣ, аз ҷумла калисоҳои асри XVII ва китобхонае, ки беш аз 4000 китоби нодиру арзишманди таърихиро дар бар мегирад, таҳти таҳдид қарор доранд.
Бар асари ярч талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Сокинони биноҳои холишуда ба хонаҳои хешовандон кӯчонида шуданд; бархе дар толорҳои варзишӣ ва меҳмонхонаҳои хурд ҷойгир шуданд, калонсолон бошад ба хонаҳои пиронсолон интиқол ёфтанд.
Ҷабҳаи ярч дар Нишемӣ аз 25 январ ба ҳаракат оғоз карда, рахнае ба дарозии тақрибан чаҳор километрро ба вуҷуд овардааст ва пайваста васеъ мешавад, хабар медиҳад meduza.io.