Дар бораи рушди низоми таълими ҳарбӣ маълумот дода шуд

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Нируҳои ҳарбӣ Шавкат Мирзиёев бо муаррифии пешниҳодҳо оид ба такмил додани таълими ҳарбӣ шинос гардид.

    Дар ҷамъомади Шурои амният, ки 21 феврали соли равон ба вуқӯъ омад, супоришҳои дахлдор дода шуда буданд. Таҷрибаи пешқадами зиёда аз 20 мамлакати хориҷӣ омӯхта, модели нави миллӣ оид ба ислоҳоти таълими ҳарбӣ коркард гардид.

    Чунончи, бозсозии Академияи Нирӯҳои Мусаллаҳ ва дар пойгоҳи он созмон додани Донишгоҳи бехатарии ҳарбӣ ва мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод карда мешавад. Тамоми муассисаҳои таълими ҳарбии Вазорати мудофиа – 5 донишкада, Мактаби олии тайёркунии сержантҳо ва Мактаби тайёркунии мутахассисони авиатсия ва дастгоҳҳои бидуни сарнишини парвозӣ ҳамчун донишкадаҳо дохил мешаванд. Низоми марказонидашудаи уфуқӣ созмон меёбад, ки иқтидори кӯшунҳо, вусъат додани таълими дуалӣ ва васеъ ҷорӣ намудани натиҷаҳои тадқиқоти илмиро дар амалия пурзӯр менамояд.

    Чунончӣ, дар Мактаби олии тайёркунии сержантҳо, ки такягоҳи асосии артиш ба шумор меравад, низоми нави дар онҳо инкишоф додани сифатҳои роҳбарӣ, такмил додани навгониҳои истифодаи силоҳи замонавӣ ва воситаҳои нави тактикӣ ҷорӣ карда мешаванд.

    Боз як навгонӣ ин ҷорӣ намудани модели гибридии «2+2» барои омӯхтани ихтисосҳои танг мебошад. Дар ин маврид дар байни донишҷӯёни курси дуюми муассисаҳои таълими олии шаҳрвандӣ интихоби курсантҳо бинобар 18 ихтисос, аз ҷумла рӯҳшинос, алоқачӣ, таъмингар ва анбордор татбиқ карда хоҳад шуд.

    Ба мақсади дастгирӣ намудани ҷавонони соҳибистеъдод аз соли нави хониш барои курсантҳо – хатмкунандагон Стипендияи давлатии Сарфармондеҳи Олӣ таъсис дода хоҳад шуд. Барандаи ин стипендия дар тӯли 5 сол баъд аз хатми бакалавриат ба магистратураи муассисаи таълими олии ҳарбӣ бидуни имтиҳон қабул карда мешавад.

    Ғайр аз ин таҷрибаи додани дипломи духура – оид ба ихтисосҳои шаҳрвандӣ ва ҳарбӣ – ба хатмкунандагони муассисаҳои таълими олии ҳарбӣ бинобар 36 самти таълимро ҷорӣ кардан ба нақша гирифта мешавад. Ин ба хидматчиёни ҳарбӣ имкон медиҳад, ки пас аз хидмат низ бо кори фаъол машғул бошанд.

    Вобаста ба ислоҳоти татбиқшаванда зарурияти интихоби босифат ва гузиниши омӯзгорони ҳарбӣ меафзояд. Низоми таълими омӯзгорони ҳарбӣ дар кишварҳои пешқадами хориҷӣ ба роҳ монда мешавад.

    Таклифҳои пешниҳодшуда маъқул дониста, бобати дар амалиёт самарабахш татбиқ кардани онҳо супоришҳо дода шуданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates