Henan Suda дар Ӯзбекистон истгоҳҳои барқпуркунии мошинҳои барқӣ месозад

    Энергетика 21 Dekabr 2023 2587

    Мулоқот бо намояндагони Институти миллии илмию тадқиқотии манбаъҳои барқароршавандаи энергияи назди Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон ва ширкати Henan Suda (Чин) баргузор гардид.

    Бино ба иттилои Вазорати энергетика, ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи сохтмони дастгоҳҳо ва технологияҳои барқгирандаи мошинҳои барқиро дар Ӯзбекистон баррасӣ кардаанд.

    Дар рафти мулоқот созишнома дар бораи ҳамкорӣ оид ба рушди технология ва таҷҳизоти сарфаи энергия ва технологияи барқпуркунии мошинҳои барқӣ дар Ўзбекистон имзо гардид.

    Тибқи созишномаи ҳамкорӣ, то соли 2033 дар саросари Ӯзбекистон зиёда аз 70 стансияи барқпуркунии марказонидашуда ва 50 ҳазор ғайримарказонидашуда ​​насб карда мешаванд. Онҳо зиёда аз 700 ҳазор мошини барқиро бо энергия таъмин хоҳанд кард.