«Амрико ба сӯи банкротшавии ҳақиқӣ бо суръати хеле баланд ҳаракат мекунад», – навиштааст ӯ дар саҳифаи Х-и худ.
Гуфта мешавад, ки Маск дар якҷоягӣ бо соҳибкор Вивек Рамасвами бояд ба департаменти нав оид ба баланд бардоштани самарадории ҳукумат дар маъмурияти президенти интихобшудаи ИМА Доналд Трамп роҳбарӣ кунад. 15 ноябр қарзи давлатии ИМА бори аввал дар таърих аз 36 триллион доллар зиёд шуд. Аз рӯи пешгӯии Раёсати буҷети Конгресси ИМА дар соли 2034 қарзи давлатии кишвар аз 50 триллион доллар мегузарад (122 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ). Ҳамчунин, барои солҳои 2029 то 2034 афзоиши миёнаи солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 фоиз пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад tass.ru.