Ин ҳолат пас аз харидории ширкати мушакӣ ва кайҳонии “SpaceX” аз ҷониби Маск ва инчунин ба даст овардани ширкати зеҳни сунъӣ ва шабакаи иҷтимоии “xAI” рух дод.

«Тибқи маълумоти “Forbes”, арзиши умумии ин созишнома, ки ба 1,25 триллион доллар баробар аст, дороии Маскро 84 миллиард доллар афзоиш дода, ба нишондиҳандаи рекордии 852 миллиард доллар расонд», — гуфта мешавад дар хабар.

Моҳи марти соли 2020 дороии Маск ҳамагӣ 24,6 миллиард доллар арзёбӣ мешуд, аммо моҳи январи соли 2021 ӯ ба сарватмандтарин инсони сайёра табдил ёфт. Ҳамон сол дороии ӯ аз 200 ва 300 миллиард доллар гузашт, соли 2024 — аз 400 миллиард доллар ва дар давраи аз октябр то декабри соли 2025 — пайдарпай аз 500, 600 ва 700 миллиард доллар бештар шуд, хабар медиҳад

ria.ru.