Тибқи Кодекси интихобот, Президенти Ӯзбекистон аз лаҳзаи савганд ёд кардан дар ҷаласаи муштараки палатаҳои Олий Маҷлис на дертар аз ду моҳи аз рӯзи расман эълон шудани натиҷаҳои интихобот аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ба кор шурӯъ мекунад.

Президенти кунунии Ӯзбекистон ваколатҳояшро то ба кор шурӯъ кардани Сарвари навинтихобшуда иҷро мекунад.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи пеш аз муҳлати Президенти  Ӯзбекистон 9 июл баргузор шуд. Шавкат Мирзиёев 87,05 фоизи овозҳои интихобкунандагонро ба даст овард.

Тибқи Конститутсияи навшуда Сарвари давлат ба мӯҳлати 7 сол интихоб мешавад.

 

Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон. Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон.