Интерпол: Малайзия зани дар савдои одам муттаҳамро ба Ӯзбекистон дод

    Бехатарӣ 19 Sentabr 2022 1595

    Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Малайзия истирдоди як шаҳрванди Ӯзбекистонро, ки барои савдои одам мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифта буд, таъмин карданд.

    Дар ин бобат Бюрои марказии миллии Интерпол дар Ҷумҳурии Ўзбекистон маълум кард.

    «Бо ҳамроҳии кормандони БММ Интерпол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон як шаҳрванди Ӯзбекистон аз Куала-Лумпур ба Тошканд истирдод карда шуд, ки тавассути каналҳои Интерпол аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мо барои савдои одам дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва муддати тӯлонӣ зери маълумоти тағйирёфтаи шахсӣ дар Малайзия пинҳон шуда буд”, гуфта мешавад дар гузориш.

    Гуфта мешавад, ки вай ба шарофати амалҳои муштарак ва дастгирии оперативӣ ва иттилоотии байни Бюрои миллии марказии Интерпол дар Тошканд ва Куала-Лумпур, инчунин бо кумаки мустақими намояндагони сафорати Ӯзбекистон дар Малайзия муайян ва боздошт шудааст.

    Пас аз қарори қабулшудаи ҳукумати Малайзия дар бораи истирдоди ин зани таҳти пайгард, ҷинояткор бо ҳамроҳии кормандони Интерпол ба Ӯзбекистон интиқол дода шуд, то ҷазои сазовор диҳанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates