Рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ шуд

    Ҳукумат 27 Iyun 2022 5009

    Президент Шавкат Мирзиёев 27 июн бо тақдимоти лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки дар шаҳри Тошкапнд татбиқ мегарданд, шинос шуд.

    Тибқи нақша дар пойтахт татбиқи беш аз 500 лоиҳа бо сармояи умумии қариб 4 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. То имрӯз дар доираи лоиҳаҳо 1,5 миллиард доллар азхуд карда шудааст. Лоиҳаи арзишаш 120 миллион доллар ба кор дароварда, беш аз 5 ҳазор ҷойи корӣ созмон дода шуданд. 450 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,3 миллиард доллар кор карда мешавад.

    Сарвари давлат нокифоя будани нишондодҳои дар нимсолаи якум ба даст омадаро қайд намуда, оид ба ҳалли мушкилоти таъхирнопазири лоиҳаҳо, вусъат додани ҷалби сармоя супоришҳо дод.

    Зимни муаррифӣ ҳамчунин рафти кор дар технопарки индустриалии «Янгиҳаёт» баррасӣ шуд.

    Таъсиси технопарк бо фармони Президент аз 4 феврали соли 2021 муайян шуда буд. Барои ин маҷмӯъ 210 гектар замин чудо карда шуд. Нақшаи генералӣ тартиб дода, ҳоло ба сохтмони шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ шуруъ шудааст.

    Президент аҳамияти иқтисодию иҷтимоии лоиҳаҳоро қайд кард.

    – Дар ягон давлат бидуни фароҳам овардани шароит барои соҳибкорон ба натиҷа ноил шудан ғайриимкон аст. Технопарки мазкур бояд ба майдончаи қулайи соҳибкорон табдил ёбад. Бояд ба лоиҳаҳое, ки ба воридотивазкунӣ ва созмон додани миқдори бештари ҷойҳои корӣ хидмат мекунанд, эътибор зоҳир кард, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар доираи марҳилаи аввал дар ҳудуди технопарк 110 гектар замин ба тариқи музояда ба фурӯш гузошта шуд. Дар ин ҷо лоиҳаҳои истеҳсоли асбобҳои ошхона, маҳсулоти қаннодӣ ва бофандагӣ, молҳои сантехникӣ, маснуот аз полиэтилен ва маъдан ҷойгир карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар корхонаҳое, ки дар технопарк бунёд мешаванд, созмон дода шудани 20 ҳазор ҷойи корӣ ба назар гирифта шудааст.

    Дар Тошканд дар соҳаи хидматрасонӣ имкониятҳои калон мавҷуданд. Дар панҷ моҳи гузашта дар доираи 5,5 ҳазор лоиҳа 183 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

    Сарвари давлат қайд кард, ки талабот ва имкониятҳои аҳолӣ меафзояд ва аз ин рӯ, зарур аст, ки соҳаи хизматрасонӣ дар миқёси васеъ инкишоф дода шавад. Оиди ба ин соҳа омӯзондани ҷавонон, беҳтар намудани сифати хидматрасонӣ ва зиёд кардани шуғли аҳолӣ дастурҳо дода шуданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates