Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай наворҳое паҳн шудаанд, ки дар онҳо сутуни ғафси дуд аз ҷойи ҳодиса дида мешавад. Намояндагони хадамоти матбуотии шаҳр тасдиқ карданд, ки гурӯҳҳои мудофиаи шаҳрвандӣ сӯхторро фаъолона хомӯш мекунанд. Ҳарчанд ин ҳамла фаъолияти яке аз муҳимтарин марказҳои нақлиётии ҷаҳонро зери хатар гузошта бошад ҳам, то вақти нашри хабар дар бораи захмиён ё қурбониён маълумот нарасидааст.
Қобили зикр аст, ки ин фурудгоҳ ҳамагӣ як ҳафта пеш низ аз ҷониби дронҳои эронӣ мавриди ҳамла қарор гирифта буд. Дар натиҷаи он чор нафар ҷароҳат бардошта, чанд бино осеб дида буданд, менависад korrespondent.net.
Ҳамзамон бо ин ҳодиса дар Амороти Муттаҳидаи Араб, Вазорати мудофиаи Арабистони Саудӣ хабар дод, ки ба минтақаи шарқии кишвараш ҳамлаи густурдаи ҳавоӣ анҷом дода шудааст.
Нерӯҳои мудофиаи зиддиҳавоии Саудӣ дар камтар аз як соат 25 дрони бесарнишинро нобуд карданд, ки ба иншооти муҳими стратегии нафтӣ дар наздикии марз бо Эрон таҳдид мекарданд.
Бо вуҷуди шиддати ҳамлаҳо, ҳукумати Саудӣ то ҳол дар бораи харобӣ ё талафоти ҷонӣ хабар надодааст.