Ҳар кишвари арабӣ ё аврупоӣ, ки сафирони Исроил ва Амрикоро аз ҳудуди худ хориҷ кунад, метавонад аз танги Ҳурмуз бе маҳдудият гузарад. Дар ин бора Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ) 9 март, рӯзи душанбе эълон кард, хабар медиҳад CNN.
СПИИ изҳор дошт, ки агар ин кишварҳо робитаҳои дипломатиро бо Исроил ва Иёлоти Муттаҳида қатъ кунанд, барои гузаштан аз ин роҳи муҳими обӣ “ҳуқуқ ва озодии пурра” хоҳанд дошт.
«Қариб панҷяки таъминоти ҷаҳонии нафт аз ин роҳи обии танг, ки ҳамагӣ 21 мил паҳно дорад, мегузарад. Ҳоло ин минтақа барои бозорҳои ҷаҳонӣ нуқтаи хеле муҳим ва хатарнок ба ҳисоб меравад», гуфта мешавад дар мақола.
Нашрия ҳамчунин илова мекунад, ки ҷанги ИМА ва Исроил бо Эрон бо ду сабаби асосӣ боиси болоравии нархи нафт гардид: қариб пурра баста шудани танги Ҳурмуз ва суст шудани истихроҷи нафт дар Шарқи Наздик.
Қаблан Эрон огоҳ карда буд, ки ҳамаи киштиҳои хориҷие, ки кӯшиши гузаштан аз танги Ҳурмузро мекунанд, “сӯхта нобуд” мекунад.
Баъдтар Теҳрон хабар дод, ки айни замон барои бастани тангаи Ҳурмуз чора намеандешад, аммо дар оянда чунин иқдомро истисно намекунад, хабар медиҳад korrespondent.net.