Эрон тартиби раводидро барои шаҳрвандони Ӯзбекистон бекор кард

    Ҳукумати Эрон тартиби раводидро барои шаҳрвандони 32 кишвар бекор кардааст. Дар ин бора рӯзномаи Tehran Times бо такя ба вазири гардишгарии ин кишвар Эзатуллоҳ Зарғамӣ хабар додааст.

    Вазир қайд кард, ки пешниҳоди идораҳо дар бораи якҷониба бекор кардани раводид барои баъзе кишварҳо аз ҷониби ҳукумат пазируфта шудааст.

    Ба кишварҳои бидуни раводид Ҳиндустон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Индонезия, Ҷопон, Сингапур, Ветнам, Бразилия, Перу, Мексика, Боливия, Венесуэла, Босния ва Ҳерсеговина, Сербия, Хорватия, Беларус, Танзания, Зимбабве, Маврикий ва ҷазираҳои Сейшел дохил карда шудаанд.

    Ўзбекистон низ ба ин рӯйхат дохил шудааст. Илова бар ин, дар низоми нави бидуни раводид акнун Қирғизистону Тоҷикистон аз Осиёи Марказӣ ба назар гирифта мешаванд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates