Ширкати гурӯҳи эронӣ дар ин чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо сафорати Ӯзбекистон дар Эрон ва вазорати фарҳанги кишвари мо ташкил шудааст, хабар медиҳад АИ "Дунё".
Ёдовар мешавем, ки дар форум устодони санъати 16 кишвар ширкат доштанд. Баромади иштирокчиёни озмун аз ҷониби ҳакамони байналмилалӣ дар се номинатсия: «Беҳтарин ансамбл», «Беҳтарин асбоби яккахонӣ» ва «Беҳтарин сарояндаи яккахон» баҳогузорӣ карда шуд.
Дар номинатсияи «Ансамбли беҳтарин» ҷойи 1-ум насиби Ансамбли сарояндаҳои Маркази миллии санъати мақом ба номи Юнус Раҷабӣ, ҷойи 2-юм ба Ансамбли мақомҳои филиали Маркази мақом дар Ҷиззах, ҷойи 3-юм насиби труппаи бадеии "Мақом"-и театри "Шинҷон" (Хитой) гардид.