Эрон ИМА-ро аз посух ба зарбаҳо ба иншооти ҳастаӣ ҳушдор дод

    Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён: ИМА бояд барои зарбаҳо ба Эрон посух гирад.

    Эрон ният дорад ба зарбаҳои ҳавоии ИМА ба иншооти зерсохтори ҳастаӣ дар қаламраваш ҷавоб диҳад. Дар ин бора Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён зимни суҳбати телефонӣ бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон изҳорот дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ӯ.

    «Дар вохӯриҳо бо ИМА мо дар бораи эътимод сухан рондем, аммо дар амал ИМА бар хилофи гуфтаҳояш амал кард ва ба иншооти ҳастаии мо ҳамла кард. Америка ба мо ҳамла кард. Агар шумо дар чунин вазъият мебудед, чӣ кор мекардед? Табиист, ки онҳо бояд барои таҷовузашон посух гиранд», — гуфт Пизишкиён.

    Ба гуфтаи ӯ, ИМА дар аввал мегуфт, ки мехоҳад хусусияти осоиштаи барномаи ҳастаии Эронро таъмин намояд, аммо дар авҷи музокирот тасмим гирифт, ки «бо ҳамоҳангии пурра бо режими сионистӣ» амал кунад, менависад lenta.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates