Дар ин бора ширкати Uzbekistan Airports хабар дод.

Тибқи иттилоъ, парвози 7Q7742-и ширкати ҳавопаймоии “Fly One Asia” (Мадина – Тошканд) маҷбур шуд ба фурудгоҳи Мадина баргардад. Инчунин, парвози 7Q4442-и ҳамин ширкат (Мадина – Фарғона) низ ноилоҷ дар Мадина фуруд омад.

Парвози J9650-и ширкати “Jazeera Airways” (Тошканд – Кувайт), ки соати 02:01 бо вақти маҳаллӣ аз Тошканд парвоз карда буд, боз ба Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд баргашт.

Парвози 9S3303-и ширкати “Sam Air” (Самарқанд – Ҷидда), ки соати 02:04 ба ҳаво бархоста буд, маҷбур шуд ба Фурудгоҳи Самарқанд боз нишинад.

Парвози 2U7911-и ширкати “Fly Khiva” (Урганч – Мадина), ки соати 02:17 аз Урганч парвоз кард, низ ба Фурудгоҳи Урганч бозгашт.

Инчунин, парвози HY336-и ширкати “Uzbekistan Airways” (Ҷидда – Тошканд) бинобар баста шудани фазои ҳавоии Эрон маҷбур шуд ба Фурудгоҳи Ҷидда баргардад.