Дар ин бора Вазорати мудофиаи миллии Туркия баёнот пахш кард.

Бино ба маълумоти вазорат, мушак аз қаламрави Эрон партоб шуда, аз фазои ҳавоии Ироқ ва Сурия гузашта, ба самти осмони Туркия ҳаракат мекард. Таҳдид аз ҷониби воситаҳои мудофиаи ҳавоӣ ва зиддимушакии НАТО, ки дар минтақаи шарқии баҳри Миёназамин ҷойгир шудаанд, сари вақт ошкор ва безарар гардонда шуд.

Вазорат муайян кард, ки порае аз муҳимоти ҷангӣ, ки ба ноҳияи Дёртйоли вилояти Ҳатай афтодааст, ба яке аз муҳимоти боздорандаи истифодаи системаҳои мудофиаи ҳавоӣ тааллуқ дорад, ки пас аз нобуд шудани мушак дар ҳаво ба замин афтодааст.

Дар натиҷаи ҳодиса талафоти ҷонӣ ё захмиён ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорати мудофиаи Туркия таъкид намуд, ки Анқара ҳуқуқи ҷавоб додан ба ҳар гуна амалҳои душманонаи зидди кишварро барои худ нигоҳ медорад ва аз тарафҳо даъват кард, ки аз қадамҳое, ки метавонанд боиси авҷ гирифтани низоъ шаванд, худдорӣ намоянд, хабар медиҳад report.az.