Вазифаҳои марҳалаи ояндаи ислоҳот муайян гардиданд

    Ҳукумат 20 Sentabr 2022 6256

    Президент Шавкат Мирзиёев 20 сентябр доир ба масъалаҳои минбаъд тезондани ислоҳот ва таъмини самарабахшии он ҷамъомад баргузор намуд.

    Тавре ки маълум аст, солҳои охир дар мамлакатамон давраи бозсозиҳои куллӣ буд. Дар бисёр соҳаҳо муаммоҳои навбати аввал ҳаллу фасл гардиданд.

    Аз он ҷумла, озод иваз намудани асъори хориҷӣ муқаррар карда шуд, низоми андоз ислоҳ гардида, теъдоди андоз кам карда шуд. Имконот барои соҳибкорӣ васеъ карда шуда, тартиби гумрук сода гардонда, дар тамоми соҳаҳо технологияи иттилоотӣ татбиқ мегардад.

    Дар хоҷагии қишлоқ гузариш ба механизми бозорӣ такмил дода шуд. Ба меҳнати маҷбурӣ ва меҳнати бачагон хотима дода шуд.

    Инчунин низоми нави инкишофи минтақавӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ татбиқ гардид. Дар бобати баланд бардоштани сифати таълим ва тандурустӣ чораҳо андешида мешаванд. Умуман имрӯз ислоҳот дар бештар аз 100 соҳа ва самт ба амал татбиқ мегардад.

    Имрӯз бо назардошти вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии зудтағйирёбандаи ҷаҳон, ба амал татбиқ намудани марҳалаи ояндаи ислоҳот зарур мебошад, то ки пешрафти суботнок ва минбаъд баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти аҳолӣ идома дода шавад. Тавре ки дар ҷамъомад таъкид гардид, аз ҳама муҳимаш, ин ислоҳот бо тартиби мантиқӣ ва нақшаи муайян, бидуни шитобкорӣ ба амал татбиқ гардад.

    Бо ин мақсад бо фармони роҳбари давлат аз 9 сентябр Агентии ислоҳоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шуд.

    Дар мулоқот масъалаҳои ташкили фаъолияти агентии мазкур муҳокима гардида, самтҳои бартариноки кори он муайян карда шуд.

    – Дар натиҷаи ислоҳот тағйироти мусбӣ бояд ба вуқӯъ пайвандад, ки онро одамон бояд дар ҳаёти худ эҳсос намоянд. Барои ин агентӣ сохторе бояд гардад, ки ислоҳоти муҳимро муайян намуда, кори онро танзим ва самараашро таъмин созад, – гуфт Президент.

    Дар ҷамъомад вазифаҳои асосии ин самт муайян карда шуданд. Таҳияи пешниҳодот дар заминаи ислоҳоти ҷанба ва соҳаҳои алоҳида, муайян намудани афзалият ва тартиби мантиқии ислоҳот, назорати иҷрои барномаҳои давлатӣ, фош намудани мушкилоти низомнок ва андешидани чорабиниҳои марбут аз ҷумлаи онҳост.

    Барои мисол, таҳлил нишон медиҳад, ки мақсадҳое, ки қаблан дар чунин соҳаҳо, мисли хоҷагии қишлоқ ва об, муносибати замин, коҳиш додани иштироки давлат дар иқтисодиёт, нақлиёт, хоҷагии коммуналӣ, тандурустӣ гузошта шудаанд, ба таври пурра ба даст наомадаанд. Агентии ислоҳоти стратегӣ чунин мушкилотро аз лиҳози танқидӣ таҳлил намуда, чораҳои мушаххасро дар бобати тезондани кор муайян менамояд.

    Муайян намудани соҳаҳои иқтисодиёт, ки аз нуқтаи назари афзоиши ҷойи кор ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ муҳим мебошанд, низ молики аҳамият ҳастанд.

    Бинобар ин, роҳбари давлат супориш дод, ки «нақшаи роҳ» доир ба ислоҳот таҳия карда шавад, ки ба тамоми қишри аҳолӣ таъсири мусбӣ дорад. Ӯ таъкид кард, ки ба самтҳое, ки доир ба онҳо бештар аз ҳама шаҳрвандон муроҷиат менамоянд, эътибори алоҳида додан муҳим мебошад, зарур аст, ки ба чӣ гуна натиҷаҳо ноил гардидан мумкин ва инҳо ба ҳаёти мардум чӣ гуна таъсир мебахшанд.

    Вазифа гузошта шуд, ки Гурӯҳҳои лоиҳавӣ доир ба ислоҳот ва танзими соҳаҳои бартаринок дар ҳайати мутахассисони баландмалакаи вазоратҳо ва идораҳо, экспертҳои байналхалқӣ ташаккул дода шавад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates