Исматулло Иргашев бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ӯзбекистон мулоқот кард

    8 октябри соли 2024 Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулла Иргашев бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ӯзбекистон Олган Бекар мулоқот анҷом дод.

    Зимни вохӯрӣ доир ба вазъи кунунии Афғонистон ва саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин Ӯзбекистон ва Туркия барои густариши ҳамкорӣ дар самти Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

    Ҷонибҳо бар зарурати идомаи тамосҳои мунтазами дуҷониба барои ҳамоҳангсозии талошҳо дар Афғонистон ба мувофиқа расиданд.

    Сафири Туркия саъю кӯшишҳои Ӯзбекистонро ҷиҳати рушди мавқеи муттаҳидаи минтақавӣ оид ба Афғонистон, истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар, инчунин расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон баҳои баланд дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.


    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates