Пешниҳодҳо оид ба зиёд намудани содироти хидматрасониҳои IT тақдим шуданд

    Ҳукумат 22 Fevral 2024 3711

    Президент Шавкат Мирзиёев 22 феврал бо тақдимоти пешниҳод оид ба рушди инфрасохтор ва содироти хидматҳои IT шинос шуд.

    Дар ин бора дар ҷаласаи видеоселекторӣ, ки дар Вазорати технологияҳои рақамӣ 20 декабри соли гузашта баргузор шуд, супоришоти дахлдор дода шуд.

    Имрӯз шумораи резидентҳои IT парк ба 1,7 ҳазор нафар расидааст, ки дар онҳо 26 ҳазор нафар кор мекунанд. Дар Стратегияи «Ўзбекистон-2030» пешбинӣ шудааст, ки шумораи резидентҳо ба 7,5 ҳазор нафар, ҷойҳои корӣ ба 100 ҳазор нафар, ҳамчунин ҳаҷми содирот дар соҳа ба 5 миллиард доллар расонида шавад.

    Ба ин мақсад пешниҳод карда мешавад, ки барномаи "Zero Risk" ҷорӣ карда шавад, ки ба таври васеъ ба минтақаҳо ҷалб намудани ташкилотҳои содиркунандаи IT нигаронда шудааст. Ба корхонаҳое, ки дар барнома иштирок мекунанд, дар асоси тавсияи IT-парк ба мӯҳлати то як сол иншооти давлатии истифоданашуда ройгон дода мешаванд. Баъди ин муҳлат шартномаи иҷораи бевосита баста мешавад. Ғайр аз ин, IT-парк технология ва таҷҳизотро ба муҳлати як сол барои истифодаи бепул пешниҳод менамояд.

    Барои рушди фаъолияти ин корхонаҳо низ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Ҳамин тариқ, то 50 фоизи хароҷоти иштирокчиёни барнома барои кироя ва такмили ихтисоси коргарон ҷуброн карда мешавад.

    Дар назар аст, ки барномаи "Local to Global" барои мусоидат ба ширкатҳои IT-и ватанӣ дар ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ амалӣ карда шавад. Барои ин мақсадҳо пешбинӣ шудааст, ки то 50 фоизи хароҷот, аз ҷумла барои иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва даъвати коршиносони хориҷӣ ҷуброн карда шавад.

    Дар маросими тақдимот инчунин дар бораи лоиҳаи «фарогирии рақамӣ» маълумот дода шуд. Дар доираи он ба ҷавонон, занон ва маъюбон малакаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои IT омӯзонида мешаванд. Таъсиси 9 ҳазор ҷойи корӣ, аз ҷумла бо ҷойи корӣ таъмин кардани ҳудуди 5 ҳазор нафар занону маъюбон пешбинӣ шудааст.

    Умуман бинобар ҷамъбасти “фарогирии рақамӣ” бо кор таъмин намудани 25 ҳазор нафар ба назар гирифта шудааст.

    Сарвари давлат ин пешниҳодҳоро пазируфта, супоришҳои иловагӣ дод.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates