Ҷинояткори таҳти ҷустуҷӯи Интерпол аз Миср ба Ӯзбекистон истирдод карда шуд

    Бехатарӣ 8 Avgust 2023 2198

    Кормандони Бюрои миллии марказии Интерпол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори нахустин ҷинояткореро, ки барои ширкат дар созмонҳои тундгароии динӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, аз Миср истирдод карданд.

    Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон як шаҳрванди Ӯзбекистонро, ки тавассути Интерпол дар ҷустуҷӯ қарор дошт, бо ҳамроҳии кормандони БММ-и Интерпол истирдод кард.

    Бо нақши ҳамоҳангсози Бюроҳои миллии марказии Интерпол дар Тошканд ва Қоҳира, ба шарофати равобити дуҷонибаи рушдёфтаи сарони бюроҳо дар ҳошияи вохӯриҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Котиботи генералии Интерпол баргузор мегардад, инчунин мусоидати бевоситаи Интерпол Полиси Миср, истирдоди ҷинояткор аз Ҷумҳурии Мисри Араб ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори аввал сурат гирифт.

    Айбдоршаванда барои таҳсил дар донишгоҳи исломӣ ба Миср рафта, дар он ҷо ширкат дар ҷамъомадҳои махфӣ ва баъдан узви як ҳаракати ифротгарои динӣ шудааст. Дар он ҷо бо мақсади зиёд кардани тарафдоронаш ақидаҳои фундаменталистиро тарғиб намуда, дар байни ашхоси шавқманд ба дини ислом ва барои таҳсил ба Коҳира омада, кори таблиғотӣ мебурд. Дар ин робита алайҳи ӯ парванда боз шуда, кофтукоби байналмилалӣ эълон шудааст.

    Тибқи иттилои расида, ҷинояткор дар Миср аз таъқиби ҷиноӣ пинҳон шуда, дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир карда шудааст. Бо иқдомоти муштараки Бюрои миллии марказии Интерпол дар Тошканд ва Қоҳира ҷинояткор аз Миср ба Ӯзбекистон истирдод шуд ва дар он ҷо барои ин ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

    Бюрои миллии марказии Интерпол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates