Гуфта мешавад, ки ӯ бо қисми сеюми моддаи 167-уми Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон — барои ҷинояти азхудкунӣ ё ғоратгарӣ дар ҳаҷми калон айбдор гардида, алъон дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Дар натиҷаи мубодилаи иттилоот ва музокираҳо байни Интерпол, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИМА ва сафорати ИМА дар Ӯзбекистон, депортатсияи ӯ сурат гирифт.
Ин шахс, ки дар ҷустуҷӯ буд, 13 июли соли 2025 ба фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримови шаҳри Тошканд оварда шуда, ба кормандони Интерпол супурда шуд. Ҳоло масъалаи ҷавобгарӣ бар асоси қонун баррасӣ мешавад.









