Аввалин қатораи контейнерӣ аз Ӯзбекистон тавассути Қошғар ба Чин равона шуд

    Нақлиёт 10 Sentabr 2025 697

    Аз Тошканд ба Ланчжоу дар доираи масири мултимодалии «Ӯзбекистон – Қирғизистон – Чин» аввалин қатораи контейнерӣ равона гардид. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт хабар дод.

    Дар маросиме, ки пеш аз ба роҳ баромадани қатораи контейнерӣ доир гардид, пойгоҳи нави логистикии ширкатии «Gansu International Logistics Group Co. Ltd.», ки ба рушди ҳамкории байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ дар Ӯзбекистон хидмат мекунад, кори худро оғоз намуд.

    Ба кор даровардани пойгоҳи нави логистикӣ ва роҳандозии интиқолҳои мунтазами контейнерӣ дар ин самт ,ба таҳкими иқтидори транзитии минтақа, коҳиши муҳлати расондани борҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди интиқолоти устувори борҳо дар масири Гансу – Қошғар – Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates