Тартиби гирифтани ногироӣ тағйир дода шуд

    Буриши иҷтимоӣ 15 Fevral 2022 2154

    Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8 феврали соли 2022 № 62 “Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ оиди сохтори ташкилӣ ва ташкили фаъолияти хидмати экпертизаи тиббию иҷтимоӣ” қабул гардид.

    Ҳуҷҷат баҳри иҷрои фармонҳои Президент аз 25 марти соли 2021 № ФП-6195 “Дар бораи дастгирии иҷтимоии куҳансолон ва шахсони дорои маълӯлӣ, инчунин рушди минбаъдаи низоми хона-интернатҳои “Саховат” ва “Мурувват” аз 28 январи соли 2022 № ФП-60 “Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав дар солҳои 2022-2026”, инчунин Қарори Президент аз 27 ноябри соли 2021 № ҚП-22 “Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани фаъолияти экспертизаи хидмати тиббию иҷтимоӣ ва низоми муқаррар намудани маълӯлӣ ба бачаҳо” қабул шудааст.

    Бо қарор Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани муоинаи гражданинҳо аз тарафи комиссияҳои экспертии тиббию иҷтимоӣ тасдиқ карда шуд.

    Ҳамин тариқ, азназаргузаронии шаҳрвандон бо роҳи фиристодани шаҳрванд ба комиссияҳои экспертии тиббию иҷтимоӣ (минбаъд – КЭТИ) барои муоина (шакли 088/й) сурат мегирад. Муоина инчунин омӯзиши таърихи бемории аз ҷониби беморхона додашуда ва хулоса аз корти амбулаторӣ, инчунин дигар ҳуҷҷатҳоеро дар бар мегирад, ки барои ба муоина фиристодани шаҳрванд асос шуда буданд. Санҷиш дар маҷлиси КЭТИ дар ҳайати пурра, инчунин дар давоми 10 рӯз аз рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо гузаронида мешавад. Ҳангоми муайян кардани маъюбӣ он аз лаҳзаи қабули ҳуҷҷатҳои КЭТИ ҳисоб карда мешавад.

    Бо ҳуҷҷат инчунин инҳо тасдиқ карда мешаванд:

    - сохтори ташкилии хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоии Агентии рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ;

    - сохтори Инспекцияи ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию иҷтимоии Агентии рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ;

    - таркиби намунавии комиссияи экпертии тиббию иҷтимоии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, комиссияҳои экспертии тиббию иҷтимоии масус ва педиатрии байниноҳиявӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ);

    - номгуи комиссияхои экспертии тиббию иҷтимоӣ барои муоинаи ройгон дар муассисаҳои давлатии тиббии бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз ва ғайра.

    Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ нашр шудааст ва аз 8 феврали соли 2022 эътибор дорад, хабар медиҳад «Norma».

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates