Ба канораҳои шаҳрҳои Ҳомс, Латакия ва Палмира зарба задани Исроил аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Сурия маҳкум шуд ва ин амалиёт ҳамчун "вайронкунии дағали соҳибихтиёрии кишвар" арзёбӣ гардид. Дар ин бора 9 сентябр, сешанбе Reuters бо истинод ба Оҷонсии давлатии иттилоотии Сурия хабар дод.
Тибқи иттилоот шомгоҳ авиатсияи Исроил ба қисми марказии Сурия, бахусус, канори шаҳри Хомс, шаҳри асосии Порт Лакатия ва Палмираи таърихӣ ҳамла кардааст.
Ба иттилои шабакаи “Ал-Ихбария”, яке аз нуқтаҳои ҳамла коллеҷи мудофиаи ҳавоӣ дар наздикии ноҳияи Авраси Ҳомс будааст.
Исроил ба ин амалҳо шарҳ надодааст.
Вазорати корҳои хориҷии Сурия гуфт, ин амалҳо таҳдиде ба суботи минтақавӣ буда, меъёрҳои байналмилалиро вайрон мекунанд.
Моҳи июл Исроил ба шаҳри Димишқ, ба вижа ба идораи Қувваҳои Мусаллаҳи Сурия ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дода буд. Ин воқеа вазъиятро дар ҷойҳо мураккабтар кард ва боиси шиддат гирифтани низоъ миёни неруҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои друзӣ дар шаҳри Сувайдо гардид.
Қаблан, Исроил изҳор карда буд, ки барои ҳимояи деҳаҳои друзӣ дар Сурия омода аст. Бахусус, Артиши Исроил (ЦАХАЛ) аз рӯйи афзун намудани омодагии ҷангӣ фармоиш гирифта буд.