«Самолётҳои ишғолгарии Исроил бори дуюм ба бинои Ситоди генералӣ дар Димишқ зарба заданд», — омадааст дар гузориши шабакаи телевизионӣ, ки лаҳзаи таркиш низ дар эфир намоиш дода шуд.
Қаблан неруҳои дифоии Исроил (ЦАХАЛ) аз зарба ба дарвозаи даромадгоҳи ин бино хабар дода буданд.
Вазири дифои Исроил Исраэл Катс рӯзи чаҳоршанбе ҳушдор дод, ки дар сурати қатъ нашудани ҳамлаҳо ба ақаллияти дурӯзӣ дар вилояти Сувайда ҷануби ҷумҳурӣ Исроил «зарбаҳои дардовар» хоҳад зад.
Дрӯзҳо як гурӯҳи этно-конфессионалӣ аз арабҳо дар Ховари Миёна мебошанд, ки пайрави мазҳаби дурӯзиянд.
Низоъ бо дурӯзҳо
Рӯзи якшанбе хабарҳо дар бораи ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба маҳаллаҳои дурӯзнишини вилояти Сувайда дар ҷануби Сурия ва бастани шоҳроҳе, ки ин вилоятро бо Димишқ мепайвандад, нашр гардид. Барои ҳимояи аҳолии осоишта гурӯҳҳои худмудофеаи дурӯзҳо ба муқовимат бархостанд.
Рӯзи сешанбе Димишқ дар бораи ворид кардани неруҳои ҳарбӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ ба минтақаҳои зарардида эълон кард. Ҳадафи амалиёт поксозӣ аз гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ эълон шуд. Даргириҳои шадид идома доранд.
Ба иттилои Вазорати дифои Сурия, дар ҷараёни задухӯрдҳо беш аз 30 нафар кушта, зиёда аз 100 кас маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамчунин, марги 20 сарбози ҳукумати муваққатии Сурия тасдиқ шудааст.
Мақомот ҷонибҳои даргирро ба ҳамкорӣ ва хештандорӣ даъват намуда, таъкид карданд, ки шиддат гирифтани низоъ танҳо ранҷу азобҳои аҳолии осоиштаро зиёд мекунад.
Рӯзи чаҳоршанбе роҳбарони ҷомеаҳои дурӯзӣ дар Исроил дар як изҳорот эълон карданд, ки ба нишони пуштибонӣ аз ҳаммазҳабони суриягиашон, ки ба гуфтаи онҳо аз ҷониби неруҳои давлатӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд, эътирози умумӣ ва корпартоии васеъ оғоз мекунанд, хабар медиҳад ria.ru.








