Дар ҳамин ҳол, агентии Fars хабар додааст, ки дар пойтахти Эрон – Теҳрон, ҳадди аққал шаш таркиш шунида шудааст.
Дар пасманзари ин рӯйдод, вазири мудофиаи Исроил Исраэл Катс дар кишвар ҳолати изтирорӣ эълон кард. Ба гуфтаи ӯ:
"Пас аз зарбаи пешгирикунандаи Исроил ба Эрон, дар фурсати наздик ҳамлаҳои мушакӣ ва дронӣ ба аҳолии осоишта интизор меравад."
Тибқи огоҳии расмие, ки миёни аҳолӣ паҳн шудааст, ҳамаи чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ бекор карда шудаанд, фаъолияти корхонаҳо қатъ гардидааст (ба ҷуз аз объектҳои муҳими стратегӣ), ҷамъомадҳои оммавӣ манъ карда шудаанд.
Қаблан рӯзномаи The Wall Street Journal навишта буд, ки Исроил метавонад рӯзи якшанбе ба Эрон зарбаи низомӣ ворид кунад, агар Теҳрон бо Вошингтон дар мавриди барномаи ҳастаӣ ба созиш нарасад.









