Рафти кор оид ба рушди «Tashkent Pharma Park» мавриди омӯзиш қарор гирифт

    Саноат 3 Iyul 2023 1803

    Дар кластери фармасевтии инноватсионии тадқиқотӣ ва истеҳсолии “Toshkent Pharma Park” таҳти роҳбарии вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдо Лазиз Қудратов ҷаласа доир гардида, дар рафти он ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба татбиқи босуръати лоиҳаҳо ва вазифаҳои ояндадор дар соҳаи дорусозӣ баррасӣ шуданд.

    Дар ҷамъомад роҳбарияти вазорат, кластери дорусозӣ ва дирексияи оид ба рушди он, Агентии рушди соҳаи дорусозии назди ВССС ва ҶС “Асакабанк” иштирок карданд.

    Дар ҷараёни вохӯрӣ рафти корҳо оид ба бунёди иншооти сармоягузорӣ аз ҷониби сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ дар ҳудуди кластер ва минтақаи саноатӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Ҳисоботи роҳбарони масъул оид ба корҳои анҷомдодашуда, аз ҷумла оид ба тезонидани сохтмони Маркази илмӣ-тадқиқотӣ ва бинои таълимии Донишгоҳи фармасевтӣ-техникӣ дар ҳудуди кластер шунида шуд. Шахсони масъул ҳушдор дода шуданд, ки барои сифат ва сари вақт иҷрои супоришҳо шахсан масъул мебошанд.

    Дастурҳо дода шуданд, ки ҳар рӯз мувофиқати рафти татбиқи лоиҳа ба ҷадвали тасдиқшуда таҳти назоррат гирифта, захираҳои зарурӣ барои бо суръат ба истифода додани объектҳо сари вақт таъмин карда шаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВССС.

    Барои маълумот: “Toshkent Pharma Park” – аввалин кластери дорусозӣ дар Ўзбекистон. Дар ҳудуди он татбиқи як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла сохтмони иншооти илмӣ-тадқиқотӣ, маъмурӣ ва истеҳсолӣ дар майдони 130,0 гектар пешбинӣ шудааст, ки зиёда аз 90-тои онҳо минтақаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти дорусозӣ мебошанд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates