Маҷмӯи Ҷалолиддини Мангубердӣ маркази маънавият ва ватандӯстӣ мегардад

    Ҳукумат 22 Sentabr 2021 5875

    Сарвари давлат бо сохтмони маҷмӯи Ҷалолиддини Мангубердӣ дар шаҳри Урганҷ шинос шуд.

    Лоиҳаи маҷмӯъ дар ҷараёни сафари қаблии Президент ба минтақа баррасӣ шуда, бо назардошти андешаҳои мутахассисон ба охир расид. Маҷмӯъ масоҳати тақрибан 8 гектарро дар чорроҳаи кӯчаҳои Ал-Хоразмӣ ва Ислом Каримов ишғол хоҳад кард. Ҳоло таҳкурсии муҷассама гузошта мешавад. Ёдгории биринҷии Ҷалолиддин Мангубердӣ дар симои сарлашкар, ки савори асп буда, дар даст шамшер дорад, тайёр карда шуд. Баландии умумии муҷассама қариб 25 метр хоҳад буд.

    Сарвари давлат дастур дод, ки мундариҷаи маҷмӯъро ғанӣ гардона, дар ҳудуд шароити беҳтар фароҳам оварда шавад.

    - Ин макон бояд ҳамчун маркази дониш, маънавият, ифтихори кишвар хизмат кунад. Бояд кореро анҷом дод, ки меҳмонон на танҳо сайру истироҳат кунанд, балки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Мангубердӣ тасаввуроти аниқ пайдо кунанд, аз ин илҳом гиранд. Дар канори хиёбон метавон дар бораи ҷангҳо ва корнамоиҳои ӯ маълумот ҷойгир кард. Инчунин бояд гидҳоеро тайёр кард, ки таърих ва забонҳои хориҷиро хуб донанд, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Президент инчунин нақби қад-қади кӯчаи Ал-Хоразмиро аз назар гузаронд.

    Баъди ба охир расидани сохтмон ҳудуди маҷмаъ обод гардонда шуда, дарахтони ороишӣ шинонда мешаванд, фаввораҳо бунёд карда мешаванд. Сохтани роҳҳо барои пиёдагардон ва велосипедронон, ташкил кардани хидматҳои сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

    Оид ба дуруст ташкил кардани кори комплекс, аз ҷумла фароҳам овардани шароит барои гузаронидани ҷашну фестивалҳо дастурҳо дода шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates