Дар кишвар пайваста корҳои фароҳамсозии шароити муносиб барои аҳолӣ ва бунёди манзилҳои замонавию бароҳат густариш меёбанд. Мувофиқи Фармони Президент аз 12 октябри соли 2021 тадбирҳо оид ба сохтмони масивҳои «Янги Ӯзбекистон» ва рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо амалӣ карда мешаванд.
Яке аз чунин лоиҳаҳо, ки мутобиқи талаботи муосири шаҳрсозӣ амалӣ мегардад, дар ноҳияи Ҷарқӯрғони вилояти Сурхондарё роҳандозӣ шудааст.
Дар 50 гектар замини азхудшавандаи саҳро бунёди 116 бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст. То имрӯз поликлиника, кӯдакистон барои 180 ҷой, мактаб барои 330 ҷой ва бинои маҳалла ба истифода дода шудаанд, инчунин дар 1,5 ҳазор манзил дар 68 хона сокинон аллакай маскан гирифтаанд.
Ҳамчунин маркази таълимӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва забони англисӣ ба фаъолият оғоз кардааст, 7 микромарказ ва 5 иншооти савдо ва хизматрасонии маишӣ бунёд шудаанд. Шабакаҳои оби нӯшокӣ ва гармидиҳӣ кашида шуда, тақрибан 3 километр қубури газ гузаронида ва трансформатори иқтидораш 250 киловатт насб гардидааст. Дар майдони 4,5 гектар дарахтони ороишӣ ва мевадор, дар 300 гектар минтақаи биёбон саксаул шинонда шудааст.
Дар оянда сохтмони боз тақрибан 50 хона пешбинӣ мегардад. Аз ҷумла, имсол бунёди 14 бинои бисёрошёна (бо 280 манзил), сохтмони роҳҳои нав, корҳои сабзкорӣ ва ташкили боғи истироҳатӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Дар ҷараёни боздид Президент бо фаъолияти ширкати хизматрасонии идоракунандаи «Янги ёшлар», ки дар ҳудуди масив фаъолият мекунад, шинос шуд. Ширкат дар ноҳия ба 161 бинои бисёрошёна хизмат мерасонад, ки аз онҳо 54-тоаш дар ҳамин масив ҷойгиранд. Дар бомҳои хонаҳо панелҳои офтобӣ бо иқтидори аз 5 то 15 киловатт насб шудаанд.
Таълими фарогир (инклюзивӣ) пешбинӣ мекунад, ки ба ҳар як кӯдак – новобаста аз имкониятҳои ҷисмонӣ ё зеҳнӣ – шароити таҳсил дар мактаб ва гирифтани таҳсили босифат фароҳам оварда шавад.
Сарвари давлат шароити дар мактаби № 66 фароҳамовардашуда, аз ҷумла имкониятҳоро барои кӯдакони дорои маъюбият аз назар гузаронд. Айни замон дар ин ҷо зиёда аз 500 хонанда таҳсил мекунанд. Барои таълими кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус равишҳои махсус мутобиқи стандартҳои муосир ҷорӣ гардида, тақрибан 50 мутахассис ва омӯзгор фаъолият доранд. Ҳавлии мактаб, долонҳо, синфхонаҳо, ошхона, толори варзишӣ ва утоқи муолиҷавӣ бо шароити зарурӣ таъмин шудаанд.
Президент пас аз шиносоӣ бо инфрасохтори бунёдшуда аҳамияти самтҳои марбут ба зеҳни сунъӣ ва рақамикунониро барои ҳаёт ва ояндаи ҷавонон таъкид кард.
– Мо беҳуда барномаҳои таълими зеҳни сунъиро ба таҳсилоти мактабӣ ҷорӣ намекунем: муҳим аст, ки хонандагон ба донишгоҳҳо ва бозори меҳнат барои касбҳои оянда омода ворид шаванд, – гуфт Президент.
Сипас Сарвари давлат ба маркази таълимии забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, ки дар масив фаъолият мекунад, ташриф овард.
Ин маҷмаа барои 400 ҷой, ки бо маблағи 6,5 миллиард сӯм бунёд шудааст, ба беш аз ду ҳазор ҷавон дар як сол имкони таҳсил ва кор бар рӯи лоиҳаҳоро фароҳам меорад. Тақрибан 200 шунаванда курсҳои саводи компютерӣ ва front-end-ро бомуваффақият хатм намуда, сертификат гирифтанд. Қариб 150 хонанда дар имтиҳонҳои IELTS натиҷаи сатҳи B2 ва болотар нишон доданд. Дар марказ тақрибан 20 мутахассис фаъолият доранд.
Президент махсусан аҳамияти чунин марказҳоро, ки ба ҷалби ҷавонон ба таҳсил, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ равона шудаанд, таъкид намуд.
– Имрӯз зарур аст, ки ташаббусҳои чунин марказҳо дастгирӣ карда ва дар ҳолати зарурӣ қувваҳои онҳо муттаҳид гардида, робита бо шарикони хориҷӣ ба роҳ монда шавад. Он гоҳ падару модарон бо эътимод фарзандони худро ба чунин марказҳо барои таҳсил месупоранд, – гуфт Президент.
Бо наздик шудани фасли баҳор дар минтақаҳо баргузории сайру гаштҳои идона ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Президент дар сайли сумалак дар масив иштирок карда, бо сокинон рӯҳияи идона бахшида, андешаҳои самимии онҳоро шунид.
– Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ӯзбекистон бо эҳтиром менигарад, шароитеро, ки барои мардуми мо фароҳам оварда мешавад, мебинад ва ба самаранокии ислоҳот бовар ҳосил мекунад. Масивҳои «Янги Ӯзбекистон» барои он сохта мешаванд, ки мардум дар фаровонӣ ва дар хонаҳои бароҳат зиндагӣ кунанд. Ман ҳамеша аҳамияти маорифро таъкид мекунам: бо дониш ва меҳнати созанда мо нуфузи кишварамонро боз ҳам таҳким бахшида, дар ҷаҳон ҷойгоҳи сазоворро ишғол хоҳем кард. Мардуми Сурхондарё меҳнатдӯст ва саховатманд аст, дар ин ҷо мо боз бисёр ташаббусҳои навро амалӣ хоҳем кард, – гуфт Президент.