Айни ҳол шатранҷбози ӯзбек дар раддабандии ҷаҳонӣ бо 2776 имтиёз ҷойи 5-умро ишғол мекунад.

Ҳамчунин дар ин мусобиқа шатранҷбозони маъруфи ҷаҳон — Фабиано Каруана, Аниш Гири, Винсент Каймер, Алирезо Фирӯзҷа ва Уэсли Со иштирок мекунанд.

Ҳаҷми умумии фонди ҷоизаҳои мусобиқа 475 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Оғози мусобиқаҳо 14 май соати 18:00 ба вақти Тошканд ба нақша гирифта шудааст.