Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев бо соҳибкорон мулоқот кард

    Тиҷорат 16 Sentabr 2021 1453

    Дар ҳокимияти Тошканд бо соҳибкорони пойтахт вохӯрӣ баргузор гардид. Ҳадафи баргузории чорабинӣ ташкили мукаммал ва муассири татбиқи ташаббусҳо, вазифаҳо ва пешниҳодҳо мебошад, ки 20 августи соли 2021 зимни нахустин муколамаи кушоди сарвари давлат бо соҳибкорон зикр шудаанд.

    Дар чорабинӣ ҳокими пойтахт Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев, муовини ҳоким Шароф Раҳмонов, масъулини баландпоя ва 114 соҳибкор аз шаҳри Тошканд ширкат варзиданд.

    Фактҳо кайд карда шуда, масъалаҳое, ки барои фаъолияти намояндагони тиҷорат муҳиманд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, меъёри андоз аз арзиши иловашуда то 12% кам карда мешавад. Қарздиҳӣ бо пули миллӣ аз ҷониби бонкҳо бо фоизи муносиб барои ҳамаи соҳибкорон, новобаста аз асъоре, ки ба онҳо аз хориҷ захираҳо ҷалб мекунанд, амалӣ карда мешавад.

    Ҷонибҳо мушкилоти таъхирнопазири соҳибкорон: шартҳои қарздиҳии бонкҳои тиҷоратӣ, таъминоти гарав, рушди хизматрасониҳо дар соҳаи туризм ва коммуналӣ, содирот ва воридоти маҳсулот, ташкили минтақаҳои хурди саноатии соҳибкорон ва ҷавонон, ҷудо кардани замин ва як қатор мавзӯъҳои дигарро баррасӣ карданд.

    Соҳибкорон ба суолҳои дар рафти мулоқот гузошташуда ҷавобҳои муфассал гирифтанд, барои татбиқи амалии муроҷиатҳои онҳо кормандони масъул таъин шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ҳокимияти шаҳри Тошканд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates