Мувофиқи иловаҳое, ки тибқи Қонун ба қонун «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрвандон» ворид карда шудааст:
ҷамоатҳои шаҳрвандон бояд дар ошкор намудани шахсоне, ки нисбати занон ва бачаҳо таъқибу зӯроварӣ содир намудаанд ё ба чунин кирдорҳо майл доранд, дар кори пешгирикунанда бо ин шахсон иштирок намоянд;
ба раиси ҷамоати шаҳрвандон ваколат дода шуд, ки ҷиҳати ҳифзи занони таҳти таъқибу таҳқир қарордошта ва барои ин муроҷиаткарда чораҳо муайян намуда, дар ин бора фавран ба марказҳои дахлдори офиятбахшӣ ва мутобиқсозии занон ва мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд.
Мувофиқи иловаҳое, ки ба Қонун «Дар бораи ҳифзи занон аз таъқиб ва зӯроварӣ» ворид карда шудаанд:
- мақомоти меҳнат барои шуғл ва роҳнамоии касбии заноне, ки бо мушкилоти оилавӣ ва зӯроварӣ дучор шудаанд, мусоидат намояд;
- мақомоти нигаҳдории тандурустӣ оид ба расондани ёрии аввалини тиббӣ ба қурбониёни таъқибу зӯроварӣ ва фарзандони онҳо, муоинаи тиббии онҳо, инчунин табобати ройгони қурбониёни таъқибу зӯроварӣ чораҳо меандешанд.
Қонуни мазкур аз рӯзи расман интишор ёфтанаш эътибор пайдо мекунад, хабар медиҳад шабакаи ҳуқуқии Вазорати адлия.