Сокинони Тошканд бо хидмати хушсифат ва замонавии нақлиётӣ таъмин карда мешавад

    Нақлиёт 21 Dekabr 2022 1288

    Ба гуфтаи муовини раиси раёсати ҶС «Тошшаҳартрансхизмат» Абдуҷамил Азизов, вазири нақлиёт Илҳом Маҳкамов аз нақлиёти ҷамъиятӣ ҳафтае камаш чор маротиба истифода мекунад.

    Ба мақсади бартараф намудани мушкилоти низоми нақлиёти ҷамъиятии Тошканд тамоми 148 хатсайрҳои мавҷуда омӯхта шуданд. Якҷоя бо ташкилотҳои дахлдор 204 автобус оварда шуд, ки аллакай дар хатсайрҳо харакат мекунанд. Вазорати корҳои дохилӣ — 30 автобуси ISUZU, Гвардияи миллӣ — 25 ISUZU, Вазорати нақлиёт — 16 “ЮТОНГ”, корхонаи UZ TRUCK AND BUS MOTORS-и Самарқанд — 20 «MAN», 13 «SAZ-LE-60» ва 100 адад "ISUZU” ҷудо карданд. Дар натиҷа фосилаи байни автобусҳо аз 30 дақиқа ба 10-12 дақиқа кам карда шуд.

    — Аз сабаби тирбандиҳо дар роҳҳо фосилаи байни ҳаракати автобусҳо кашол ёфт, — мегӯяд А.Азизов. — Махсусан хатсайри раками 116, ки аз назди бозор мегузарад, душвор буд. Ҳоло мушкилот ҳал шудааст.

    Ба гуфтаи мутахассис, чунин ислоҳот идома дорад. Бо супориши сарвари давлат дар моҳи марти соли 2023 барои Тошканд 1000 автобус харида мешавад, ки ин ба беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ мусоидат мекунад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates