Ин маҷмаа аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ба аҳолӣ тамоми хидматҳои зарурии тиббиро дар як ҷо пешниҳод мекунад. Лоиҳа марҳилаи аввали кластер тиббӣ ба ҳисоб меравад, ки дар вилоят ташкил мегардад.
Дар тиббиёти муосир чунин низоми кластерӣ ҳамчун модели аз ҳама босамар дар ташхиси фаврӣ, табобат бо технологияҳои баланд ва кам кардани равандҳои бюрократӣ барои беморон эътироф шудааст.
Ба роҳбари давлат дар бораи имкониятҳои муассиса маълумот дода шуд. Президент бо шароите, ки барои табобати беморон ва кори самараноки шифокорон фароҳам гардидааст, шинос шуд.
Марказ дар бинои ҳафтошёнаи муосир ҷойгир буда, иқтидори қабули то 400 беморро дар як рӯз дорад. Марказ дорои 344 кати статисонарӣ буда, бо таҷҳизоти нави тиббӣ, аз ҷумла МРТ, МСКТ, маҷмааҳои лабораторӣ ва таҷҳизоти ҷарроҳии баландтехнологӣ ба маблағи беш аз 100 миллиард сӯм муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар як маҷмаа ҷойгир шудани поликлиника, радиология, кардиохирургия, нейрохирургия, офталмология ва урология раванди хидматрасонии тиббиро суръат мебахшад, ҳамкории байни шифокорон ва ҳаракати беморонро осон мекунад. Бахусус, ба туфайли имконоти нав коҳиш ёфтани навбатҳо барои амалиётҳои мураккаби баландтехнологӣ муҳимтарин самараи иҷтимоии лоиҳа мебошад.
Дар натиҷаи ба кор даромадани марказ, равуои сокинони Ҷиззах ба беморхонаҳои ҷумҳуриявӣ ё вилоятҳои ҳамсоя 75–80 фоиз кам мешавад.
Дар кластери тиббӣ бо Донишгоҳи федералии Қазон ҳамкории дарозмуҳлат роҳандозӣ мешавад, ки он барои такмили ихтисоси мутахассисони маҳаллӣ, татбиқи усулҳои пешрафтаи ташхис ва табобат, ҳамчунин омӯхтани меъёрҳои муосири тиббӣ имкон фароҳам меорад.
Президент бо масъулон ва кормандони соҳаи тандурустӣ мулоқот кард.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки дар идораи кластерҳои тиббӣ ва клиникаҳои бисёрсоҳа бояд аз усулҳои куҳна даст кашида, механизмҳои нав ҷорӣ карда шаванд. Аз ҷумла, зарурати ҷалби коршиносон ва менеҷерони байналмилалӣ барои ҳар як самти тиббӣ ва омода кардани мутахассисони маҳаллӣ дар худи муассисаҳо, такмили ихтисоси онҳо, инчунин, густариши рақамисозӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ зикр гардид. Қайд карда шуд, ки ин бояд таҷрибаи Ҷиззах гардад.
Президент ба масъалаи ризоияти мардум аз хидматрасониҳои тиббӣ диққати махсус дод. Зикр гардид, ки дар ҳама гуна ислоҳот, ки дар соҳа татбиқ мешавад, пеш аз ҳама, қадри инсон бояд дар меҳвар қарор бигирад.
– Мардуми моро на бино ва шароити он, балки сифати хидмат, дониш, таҷриба ва поквиҷдонии шифокор бештар ба ташвиш меорад. Одаме, ки ба беморхона меояд, пеш аз ҳама таваҷҷуҳ ва ташхиси дақиқи, табобати зуду босифат мехоҳад. Аз ин рӯ, вазифаи аз ҳама муҳим офаридани низоми тиббие мебошад, ки ба мардум аз таҳти дил хидмат расонад, мутахассисон дорои таҷрибаи хуб ва салоҳияти бузург бошанд, – гуфт роҳбари давлат.
Дар ҳамин ҷо вохӯрӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни филиали Донишгоҳи тиббии Қазон дар Ҷиззах баргузор гардид. Аҳамияти зиёд кардани дарсҳои амалӣ дар раванди таълим, пайваста бо дастовардҳои тибби ҷаҳонӣ ва таҷрибаи пешқадам ошно намудани донишҷӯён таъкид карда шуд.












