Дар Ҷиззах насли нави муҳандисон камол меёбанд

    Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти Мактаби муҳандисии автомобилсозӣ, ки дар назди Донишгоҳи политехникии Ҷиззах таъсис ёфтааст, шинос гардид.

    Дар ин ҷо бо корхонаҳои “BYD Uzbekistan Factory” ва “ADM Jizzakh” бобати омода кардани мутахассисони ботаҷриба ва ба кор ҷойгир кардани онҳо ҳамкорӣ роҳандозӣ шудааст.

    Дар Мактаби муҳандисӣ барномаҳои таълимӣ оид ба чор самти таҳсил аз рӯйи ихтисоси соҳаи нақлиёт дар асоси тамоюлҳои нав роҳандозӣ шудаанд. Бахусус, донишҷӯёне, ки курси дуюмро бо натиҷаҳои баланд хатм мекунанд, дар платформаҳои таълимии муосир, ки дар асоси талаботи корхонаи BYD таҳия гардидаанд, таҳсилоти дусолаи дуалиро аз бар менамоянд. Донишҷӯён дар ҳамкории мустақим бо корхона таҷрибаомӯзӣ мекунанд ва ин ба онҳо имкон медиҳад, ки сертификати роҳхати махсусро барои кор ба даст оранд.

    Дар курсҳои кӯтоҳмуддати омодагӣ ба довталабон, ки нияти кор дар корхонаро доранд, кормандони завод ва ҷавонони бекор касбҳое, ки онҳо шавқ доранд, омӯзонида мешаванд. Дар ин ҷо мини-конвейери истеҳсоли автомобилҳои BYD низ таъсис ёфтааст. Дар коргоҳи истеҳсолӣ шуъбаҳои кафшергарӣ, рангкунӣ, васлнамоӣ ва назорати сифат мавҷуданд.

    Утоқҳои махсус, ки ба самтҳои сохту тарҳи автомобилҳои барқӣ ва истгоҳҳои заряддиҳӣ, хидматрасонӣ ба электромобилҳо, муҳандисии саноатӣ ва барномасозӣ, муҳандисии арзиши аслӣ ва реверс ихтисосонидашуда таъсис ёфтаанд.

    Дар саноати автомобилсозии ҷаҳон як қоида вуҷуд дорад: корхонае, ки рақиби худро таҳлил намекунад, пешрафта наметавонад.

    Дар ин Мактаби муҳандисии Ҷиззах бори аввал дониш ва малакаҳои муқоисаи техникию таҳлилии маҳсулот, моделсозии хароҷот (cost modeling), оптимизатсияи истеҳсолот ва муқоисаи равандҳо бо меъёрҳои ҷаҳонӣ низ омӯзонида мешаванд.

    Мактаби муҳандисӣ на танҳо барои донишҷӯён, балки барои ҷавонон ва мутахассисоне, ки мехоҳанд дар соҳа фаъолият кунанд, низ боз аст. Дар ин ҷо барномаҳои такмили ихтисос, курсҳои ибтидоии касбомӯзӣ ва модулҳои таълимии амалӣ барои соҳибкорон ташкил гардидаанд. Дар онҳо мутахассисони пешқадам ва муҳандисони соҳибтаҷрибаи корхонаҳои истеҳсолӣ фаъол иштирок мекунанд.

    Мақсади асосии мактаб – ҳамчун кадри тайёр омода кардани донишҷӯ ба муҳити кори амалӣ пеш аз ба ҷойи кор рафтан мебошад. Дар натиҷа, хатмкунандагон ба мутахассиси ба талаботи бозор пурра ҷавобгӯ, соҳибкасб ва рақобатпазир табдил хоҳанд ёфт.

    Роҳбари давлат аз раванди машғулот дар мактаб дидан кард, бо донишҷӯёне, ки дар мини-конвейер кор мекарданд, суҳбат намуд.

    Президенти мамлакат ҳамчунин дар ин ҷо бо фаъолони ҷумҳурӣ ва вилоят мулоқот анҷом дод.

    Таъкид шуд, ки солҳои охир дар Ҷиззах дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо натиҷаҳои назаррас ба даст меоянд. Зикр гардид, ки бо вуҷуди ин, ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда зиёданд.

    – Мақсад аз сафар ба Ҷиззах, муайян кардани нуқтаҳои нави рушд мебошад. Муҳимтар аз ҳама, барои мардум, бахусус, ҷавонон, фароҳам овардани шароити муносиб, таъмини онҳо бо кори сердаромад мебошад, – гуфт роҳбари давлат.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates