Тадбирҳои пешгирии касалӣ муҳокима шуданд

    Ҳукумат 12 Dekabr 2022 6643

    Президент Шавкат Мирзиёев 12 декабр оид ба масъалаҳои рушди фтизиатрия ва пулмонология, пешгирии СПИД ҷамъомад баргузор намуд.

    Бо қарори сарвари давлат аз 13 феврали соли 2019 оид ба такмил додани низоми расондани кумаки фтизиатрӣ ва пулмонологӣ чораҳо тасдиқ шуданд. Татбиқи онҳо натиҷаҳои назаррас дод: шумораи умумии беморон 2000 нафар, ҳолатҳои нави беморӣ 10 фоиз ва фавт 17 фоиз кам шуд.

    Аммо дар пасманзари пандемияи коронавирус дар солҳои охир шумори беморони гирифтори бемории шуш дар кишвари мо 18 дарсад афзоиш ёфтааст.

    Сарфи назар аз дар минтақа мавҷуд будани эҳтиёҷот ба 5 намуди ёрии ҷарроҳии баландтехнологӣ ба беморони мубталои сил, чунин хидматҳо танҳо дар Тошканд ва Нуқус пурра ба роҳ монда нашудаанд.

    Мутаассифона, сироятёбӣ ба вируси норасоии масунияти одам низ зиёд шудааст. Ин хусусан ба шаҳрҳои Тошканд, вилоятҳои Андиҷон ва Самарқанд дахл дорад.

    Ба ин муносибат дар ҷамъомад бо иштироки мутахассисон тадбирҳои навбатӣ аз рӯи ин ду самт баррасӣ шуданд.

    Президент дастур дод, ки аз соли оянда дастаҳои сайёри «Шуши солим» ташкил карда, кӯдакон дар навоҳии дурдаст аз муоинаи скрининг гузаронида шаванд.

    Зарурати васеъ намудани доираи ташхиси молекулярӣ-генетикии сирояте, ки боиси бемории сил мегардад, инчунин ошкор ва табобати профилактикии беморони гирифтори бемории сили ниҳонӣ нишон дода шудааст.

    Ба ҳокимони вилоятҳо супурда шуд, ки сиҳатгоҳҳои фтизиатрӣ таъмир ва муҷаҳҳаз гардонда, дар минтақаҳо лабораторияҳои бактериологӣ ташкил карда шавад.

    Ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ супориш дода шуд, ки беморони сил бо доруҳои бепул таъмин карда шавад. Ба ин мақсадҳо аз буҷаи давлатӣ 40 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

    Инчунин барои васеъ намудани санҷиши сирояти ВИЧ бо ба онҳо фаро гирифтани 3 миллион нафар тадбирҳо муайян карда шудаанд. Ба шахсони мубталои сирояти ВИЧ 22 намуди доруҳои зидди вирусӣ ройгон дода мешавад.

    Барои ҳалли масъалаҳои таъмини марказҳои вилоятӣ ва лабораторияҳои байниноҳиявии мубориза бо СПИД, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонидани онҳо масъулон вобаста карда шудаанд.

    Аҳамияти баланд бардоштани малакаи кормандони соҳаи тиб дар масъалаҳои сирояти ВИЧ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба ин беморӣ ва оқибатҳои он таъкид гардид.

    Дар маҷмӯъ, вазифа гузошта шуд, ки бо назардошти ин дастурҳо лоиҳаи ҳуҷҷатҳои барномавӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасонии фтизиатрӣ, пулмонология ва пешгирии СПИД таҳия карда шавад.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates