Шароит барои омӯхтани касбу ҳунар васеъ карда мешавад

    Ҳукумат 15 Iyun 2022 8490

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 15 июн оид ба чораҳои касбу ҳунар омӯхтани аҳолӣ ва такмил додани фаъолияти мономарказҳо ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

    Дар мамлакати мо барои рушди саноат, хоҷагии қишлоқ, хидматрасонӣ, сохтмон ва дигар соҳаҳо имкониятҳои торафт бештар фароҳам оварда шуда, корхонахои нав кушода мешаванд. Бо мақсади бо коргарону мутахассисони соҳхибихтисос таъмин намудани онҳо низоми маълумоти олӣ ва миёнаи махсус тағйир дода мешавад. Дар минтақаҳо мономарказҳои «Ишга марҳамат» ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо ҷавонон касбҳои оммавиро меомӯзанд.

    Дар Стратегияи рушд қадамҳои минбаъда дар ин самт – фароҳам овардани имкони аз худ кардани касбу ҳунар ба ҳар кас, ду баробар коҳиш додани камбизоатӣ муайян шудааст.

    Барои ин тамоми захираҳо мавҷуданд. Масалан, танҳо дар соли 2022 беш аз 9000 лоиҳаи калон ва миёна ба маблағи умумии 16 миллиард доллар амалӣ карда мешавад. Ба онҳо қариб 300 ҳазор нафар коргарони ихтисоснок лозиманд.

    Дар ҳамин ҳол, имсол хатмкунандагони мактабҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус – мутаносибан 404 ҳазор ва 151 ҳазор нафар ба бозори меҳнат ворид мешаванд. Масъалаи раҳнамо намудан ба касбу ҳунар ва бо кор таъмин кардани онҳо тезу тунд аст.

    Аммо низоми 330 омӯзишгоҳи касбу ҳунар, 173 коллеҷ ва 207 техникумҳо натиҷаҳои чашмдоштро намедиҳад. Иқтидори онҳо ҳамагӣ 40-50 фоиз истифода мешавад. Мономарказхои «Ишга марҳамат» ҳамагӣ 10 фоизи бекоронро фаро мегиранд.

    Дар бисёр коллеҷ ва техникумҳо барномаҳои таълим куҳна шудаанд, китобҳои дарсии касбӣ ва 1350 номгуи адабиёт намерасанд. Дар натиҷа, корфармоён маҷбур мешаванд, ки коргаронро бозомӯзанд.

    Ба ин муносибат дар ҷамъомад қарор қабул шуд, ки системаи нави ба талаботи замон мувофиқ кунондани таълими касбу ҳунар ҷорӣ карда шавад.

    Ҳамин тариқ, 45 коллеҷ бо таъсиси мономарказҳо дар пойгоҳи онҳо ба низоми Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ гузаронда мешавад. Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус барои идоракунӣ ва таъминоти методии мактабҳои касбу ҳунар ва техникумҳо ҷавоб хоҳад дод.

    Дар ҳар як вилоят, ноҳия ва шаҳр Шӯроҳо оид ба таълими касбу ҳунар таҳти раёсати ҳокимҳо таъсис дода хоҳанд шуд. Ба ҳайати шӯроҳо роҳбарони идораҳои давлатӣ, бонкҳо, Палатаи савдо ва саноат, ректорҳо, инчунин бо назардошти хусусияти иқтисодии ноҳия, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва хизматрасонӣ дохил мешаванд. Шӯроҳо бо назардошти эҳтиёҷот ба мутахассисон касбҳоеро, ки дар мономарказхо ва коллеҷҳо тайёр карда мешаванд, муайян мекунанд, дар корхонаҳои истеҳсолӣ таҷрибаомӯзии ҷавононро ташкил мекунанд.

    Дар ҷамъомад таҷрибаи мусбат дар ин самт кайд карда шуд. Масалан, дар 57 муассисаи таълими касбу ҳунар дар асоси таҷрибаи Олмон шакли дугонаи таълим ҷорӣ карда шудааст. Дар низоми тарбияи томактабӣ ин натиҷа мебахшад: донишандӯзони коллеҷҳои педагогӣ 2 рӯз дониши назариявӣ мегиранд, рӯзҳои боқимонда дар боғча кор карда, маош мегиранд.

    Ё мисоли дигар: дар коллеҷи энергетикии шаҳри Ширини вилояти Сирдарё бо фармоиши ширкати Саудӣ ACWA Power тайёркунии ҷавонон аз рӯи касбҳои техник, оператор ва диспетчери нерӯгоҳҳои энергетикаи муқобил оғоз ёфтааст. Барои ин ширкат ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор доллар дар назди коллеҷ устохона, озмоишгоҳ ва хобгоҳи замонавӣ сохт.

    Сарвари давлат оид ба роҳандозии чунин кор дар дигар соҳаҳо, вобаста кардани муассисаҳои таълимии касбу ҳунар ба корхонаҳои бузурги саноатӣ ва кластерҳо тавсияҳо дод.

    Чи тавре ки таҳлил нишон медиҳад, ҳоло баъзе ихтисосҳое, ки дар системаи маълумоти олй омӯзонда мешаванд, ба техникумҳо гузаронда шуданашон мумкин. Ин вақт ва пули ҷавононро сарфа мекунад.

    — Умуман муносибатро ба техникумҳо тағйир додан лозим аст. Онҳо набояд роҳи осони дохилшавӣ ба донишкада бошанд, балки низоме бошанд, ки касбу ҳунари душвор медиҳад ва бозори рақобатпазири меҳнатро ташаккул медиҳад”, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Супориш дода шуд, ки аз 1 январи соли оянда музди меҳнати муаллимони техникумҳо, ки унвони илмӣ доранд, ба музди меҳнати муаллимони мактабҳои олӣ баробар карда шуда, инчунин аз соли нави таҳсил барои донишҷӯёни коллеҷҳо ва техникумҳо кредити имтиёзноки таълимӣ ҷорӣ карда шавад.

    Инчунин таҷрибаи қабул ба техникумҳо соле ду маротиба оғоз мегардад. Ин имкон медиҳад, ки шумораи фарогирӣ ба таълими касбу ҳунар 35 фоиз зиёд карда шавад.

    Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ супурда шуд, ки таҳсилро ба касбҳои замонавӣ ва забонҳои хориҷӣ дар мономарказҳои навтаъсис ташкил намоянд, инчунин мутахассисонро аз Туркия, Куриёи Ҷанубӣ, Германия, Ҳиндистон ва Ҷопон ҷалб кунад.

    Ба масъалаи ҳавасманд гардондани муаллимон ва мураббиёне, ки дар муассисахои таълимии касбу ҳунар кор мекунанд, дахл карда шуд.

    Аз 1 январи соли оянда музди меҳнати онҳо ба маоши муаллимони мактабҳо баробар карда мешавад. Фарқи байни ёрдампулие, ки барои разряди тахассусӣ дода мешавад, ду баробар меафзояд. Вобаста ба натиҷаҳои ба даст овардашуда барои муаллимони фидокору ташаббускор мукофотпулӣ то 50 фоиз ҷорӣ карда мешавад. Соли оянда барои ин мақсадҳо аз бюджет ба таври илова 150 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

    Дар баробари ин системаи нави такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимии касбӣ таъсис дода мешавад. Дар мактабҳои олӣ ба ҷои факултетҳои такмили ихтисос дар ҳар вилоят марказҳои тайёркунии касбӣ ташкил карда мешаванд. Ин марказҳо дар заминаи омӯзиши эҳтиёҷоти корфармоён ва таҷрибаи хориҷӣ ихтисоси омӯзгоронро такмил хоҳанд дод.

    Барои зиёд кардани ҳиссаи сектори хусусӣ дар соҳаи таълими касбӣ як катор имтиёзҳо эълон карда шудаанд. Ҳамин тариқ, талабот барои гирифтани иҷозатнома аз ҷониби ташкилотҳои таълимии хусусии касбӣ сабук шуда, арзиши ҳадди ақалли иҷозатнома 2 маротиба кам карда мешавад. Онҳо метавонанд биноҳои холиро ба иҷораи дарозмуддат гиранд. Китобҳои дарсӣ ва таҷҳизоти аз хориҷ воридшуда аз пардохти боҷ озод карда мешаванд. Барои ҳар як хатмкунандае, ки шаҳодатномаи тахассусии байналмилалӣ гирифтааст, 1 миллион сӯм дода мешавад. Ба ҷавонони камдаромад 30 фоизи маблағи шартномавӣ баргардонда мешавад.

    Бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасишуда вазирон, ҳокимҳо, роҳбарони мактабҳои касбу ҳунар ва мономарказҳо маълумот доданд ва таклифҳо пешниҳод намуданд.

    No date selected
    September 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates