Қатар аз Исроил хостааст, ки барои барқарории сулҳ дар Ғазза кафолати хаттӣ диҳад

    Қатар мунтазири кафолати хаттии Исроил аст, ки амалиёти низомӣ дар навори Ғаззаро САХАЛ аз сар нахоҳанд дод. Дар ин бора расонаҳои Ховари Миёна бо такя ба изҳороти намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Қатар Маҷед ал-Ансорӣ хабар доданд.

    Ба гуфтаи вай, Қатар мехоҳад, иҷрои шартҳои созиши сулҳи Фаластин ва Исроил, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт, аз қабили бозгашти гаравгонҳо, раҳоии зиндониёни фаластинӣ, қатъи амалиёти ҷангӣ ва хуруҷи нирӯҳо аз бандҳо, таъмин шавад.

    Ба гуфтаи ал-Ансорӣ, нақшаи Трамп, ки ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад, кӯчонидани аҳолӣ аз Ғаззаро истисно мекунад ва ҳамчунин ба гуфтугӯҳо дар бораи аннексия ва ишғол кардан нуқта мегузорад.

    Имрӯз барои ҳамроҳ шудан ба музокироти ғайримустақим, ки байни Исроил ва Ҳамос идома дорад, ба Миср омадани Сарвазири Қатар Муҳаммад Абдурраҳмон ат-Танӣ дар назар аст.

    29 сентябр Президенти ИМА Доналд Трамп дар Кохи Сафед бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфтугӯ кард. Дар натиҷаи музокирот нақшаи сулҳ доир ба муноқишаи Ғазза, ки аз 21 банд иборат аст, қабул гардид. Нетаняҳу ҳамчунин дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Сарвазир Муҳаммад Абдулраҳмон Ал-Танӣ, аз Қатар барои ҳамлаи мушакӣ ба Доҳа узр пурсид, хабар медиҳад report.az.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates