Зимнан зикр гардид, ки дар ҷамъомади умумӣ, ки дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад, баррасии як қатор қонунҳо дар назар аст.

«Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ ба муносибати такмил додани тартиби муайян намудани миқдори ҷаримаи маъмурӣ, ки барои иҷро нашудани ҳуҷҷатҳои иҷро андохта шудаанд» ва "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Дар бораи пешгирӣ ва табобати бемориҳои наркологӣ" аз ҷумлаи онҳост.

Инчунин қонунҳо "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такмили минбаъдаи фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон", «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Дар бораи спектри радиомавҷӣ", «Дар бораи ратификацияи Шартномаи байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон бобати аломатгузории сарҳади давлатии Ӯзбекистону Қазоқистон (Тошканд, 22 декабри соли 2022)» ва «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбию техникӣ (Исломобод, 3 марти 2022)» баррасӣ хоҳанд шуд..

Илова бар ин, дар ҷамъомади умумӣ баррасии натиҷаҳои дархости парлумонӣ ба Агентии мероси фарҳангӣ оид ба чораҳои нигоҳдории ашёву коллексияҳои осорхонавӣ ва таъмини амнияти онҳо дар назар аст.