Дар ин бора рӯзномаи “South China Morning Post” хабар додааст. Дар доираи лоиҳа киштии бузурге, ки 25 000 контейнер дорад ва бо реактори торийи барои 40 сол пешбинишуда кор мекунад, бунёд хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ноиби президенти ширкат, сохтмон метавонад тақрибан дар даҳ сол оғоз шавад. Ҳамзамон, ширкати “Jiangnan” барои сармоягузорӣ дар корхонаҳои киштисозии махсус, ки қодиранд киштиҳои тиҷоратии ҳастаӣ созанд, омодагӣ мебинад, хабар медиҳад korrespondent.net.








