Ба поезд 50 контейнер молҳои рузғор, қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо ва бозичаҳои бачагона бор карда шудааст. Вазни умумии мол 1350 тонна ва арзиши он 78 миллион юан (12,21 миллион доллари ИМА) мебошад.

Рӯзнома менависад, ки мол баъди ба Тошканд омадан ба дигар мамлакатҳои Осиёи Миёна ва Аврупо, аз қабили Қазоқистон, Тоҷикистон ва Полша фиристода мешавад. Бо ёрии чунин модели ҳамлу нақл бо қатораҳо дар хатсайрҳои "Чин-Аврупо" ширкат арзиши ҳамлу нақлро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш медиҳад, ба харидорон беҳтар хидмат мерасонад ва ҳаҷми муомилоти онлайнро ба таври муассир афзоиш медиҳад.

Пас аз бомуваффақият роҳандозии аввалин қатора дар ин масир рейсҳо мунтазам - моҳе ду маротиба дар чаҳорчӯби тиҷорати фаромарзии электронии анҷом дода мешаванд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Ёдовар мешавем, ки 22 ноябри соли ҷорӣ қатори махсус бо 1300 тонна барги чойи Сичуан ба маблағи 4,1 миллион доллари ИМА аз музофоти Сичуани Чин ба Ӯзбекистон рафт.