Чин киштии аввалини «оқил»-и худро барои тадқиқоти уқёнус сохт

    Киштӣ бо навигатсияи автономӣ дар обҳои кушод ва низоми идоракунии энергияи зеҳнӣ муҷаҳҳаз шудааст.

    Корпоратсияи давлатии киштисозии Чин дар шаҳри Шанхай аввалин киштии «оқил»-и кишварро барои тадқиқоти уқёнус сохтааст. Тавре рӯзномаи China Daily хабар медиҳад, киштӣ номи «Тунтсзи»-ро, ба шарафи Донишгоҳи Тунтсзи дар Шанхай гирифтааст.

    «Ин насли нави киштиҳои илмӣ-тадқиқотии 2000 тоннаи экологӣ, беовоз ва зеҳнӣ мебошад, ки пурра бо лоиҳа ва сохтмони ширкатҳои дохилӣ таҳия шудааст», — гуфтааст сармуҳандис Ли Чжэнхуа.

    Киштӣ бо муҳаррики электрореактивӣ таҷҳизонида шуда, метавонад аз соҳил фосилавӣ идора карда шавад. Он дорои навигатсияи автономӣ дар обҳои кушод ва низоми зеҳнии идоракунии сарфаи энергия мебошад. «Тунтсзи» метавонад қариб дар ҳамаи минтақаҳои уқёнусӣ, ба истиснои минтақаҳои яхбаста, ҳаракат кунад.

    Дарозии киштӣ 81,5 метр, паҳноияш 15 метр ва чуқурии нишасташ 6,9 метрро ташкил медиҳад. Он метавонад то 45 нафар, аз ҷумла 30 олимро қабул кунад ва бо суръати то 15 гиреҳ (27 км/соат) ҳаракат кунад. Масофаи умумии шиноварии он 80 ҳазор мил баҳрӣ буда, метавонад то 35 рӯз мустақилона фаъолият намояд.

    «Тунтсзи» барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муҳандисӣ, инчунин барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи Тунтсзи истифода мешавад, хабар медиҳад tass.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates