Чин бузургтарин неругоҳи барқи обии ҷаҳонро дар Тибет месозад

    Дар ҳавзаи Медоги Тибет сохтмони бузургтарин неругоҳи барқи обӣ (НБО) дар ҷаҳон идома дорад.

    Ин лоиҳа дар каҷравии шадиди рӯди Ярлунг-Цангпо амалӣ шуда, яке аз лоиҳаҳои зерсохтории ҳамзамон бисёр бузург ва баҳсбарангези Чин ба шумор меравад. Дар бораи оғози корҳои сохтмонӣ ҳанӯз моҳи июл маълум гардид. Бо вуҷуди ин, ғояяи сохтмони чунин неругоҳ даҳсолаҳо мавриди баррасӣ қарор дошт, вале бинобар душворгузар будани минтақа ва шароити мураккаби табиӣ муддати тӯлонӣ амалӣ намешуд.

    Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ тақрибан 167 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Тибқи нақша, пас аз анҷоми сохтмон неругоҳи барқи обӣ қодир хоҳад буд солона то 300 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намояд. Барои муқоиса: бузургтарин НБО-и кунунии Чин — «Се дара» — солона тақрибан 90–100 миллиард киловатт-соат барқ тавлид мекунад.

    Коршиносон ин лоиҳаро «мураккабтарин ва навовартарин низоми дамбавӣ дар ҷаҳон» меноманд, аммо ҷузъиёти сохтмон то ҳол ифшо нашудаанд. Тибқи маълумоте, ки CNN дар ихтиёр дорад, ин низом метавонад тақрибан ба масофаи 150 километр дар хатти рост тӯл кашида, аз чандин дамба, обанбор ва неругоҳҳои зеризаминии барқи обӣ иборат бошад, ки бо нақбҳо ба ҳам пайваст шудаанд, хабар медиҳад mn.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates