баннер
15 Apr 2025
19:29

    Чин моҳвораи иртиботии ChinaSat 10R-ро бо муваффақият ба мадор баровард

    Ҷумҳурии Мардумии Чин бо муваффақият моҳвораи иртиботии ChinaSat 10R-ро ба мадор баровард. Дар ин бора Телевизиони марказии Чин хабар дод.

    Ба маълумоти он, партоб аз космодроми Сичан (вилояти Сичуани ҷанубу ғарбии Чин) рӯзи 20:11 бо вақти Пекин бо ёрии мушаки CZ-3B ("Чанчжэн-3-би") анҷом дода шуд. Ин 560-умин парвоз барои силсилаи мушакҳои "Чанчжэн" мебошад.

    CZ-3B (дар ин парвоз модели CZ-3B/E истифода шуд) – мушаки сеқабатаи моеъсӯзиш бо диаметри сарпӯшаш 4,2 метр мебошад. Тӯлаш 56,3 метр буда, метавонад то 12 тонна бори фоиданокро ба мадори пасти заминӣ барорад. Ин мушак одатан барои фиристодани моҳвораҳо ба мадори гузариш ба геостатсионар истифода мешавад, ки ба он то 5,5 тонна бори фоиданокро расонида метавонад, хабар медиҳад tass.ru.

    Our Telegram
    Text to speech