Тавре зикр гардид, бо қарори Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои ангишт ва гази моеъи Иёлоти Муттаҳида 15 фоиз ва барои нафт ва мошинҳои кишоварзӣ 10 фоиз боҷ ситонида мешавад.
Маъмурияти нави ИМА қаблан эълон карда буд, ки боҷи 10-фоиза ба молҳои воридотӣ аз Чин ҷорӣ мешавад. Агар чораҳои шабеҳи зидди Канада ва Мексика мавқуф гузошта шуда бошанд, нисбат ба ҶМЧ онҳо эътибор доранд, хабар медиҳад 24.kg.