баннер
23 Apr 2025
14:25

    Чин ду моҳвораи оптикии мушоҳидаи Заминро сар дод

    Дастгоҳҳо аллакай ба мадори зарурӣ бароварда шуданд, хабар медиҳад телевизиони марказии Чин.

    Чин моҳвораҳои мушоҳидаи оптикии "Сивэй-Гаоцзин-20-3" ва "Сивэй-Гаоцзин-20-4"-ро бо ракетаи "Чанчжэн-2-Си" аз космодроми Сзюсюани воқеъ дар шимолу ғарби кишвар партоб кард.

    Ракета соати 07:39 бо вақти Пекин партоб шуд, хабар медиҳад телевизиони марказии Чин. Моҳвораҳо аллакай ба мадори мушаххас бароварда шуданд.

    Телевизиони Чин дар бораи фаъолсозии таҷҳизот маълумоти муфассал пешниҳод намекунад, танҳо таъкид месозад, ки ин 547-умин парвози ракетаҳои силсилаи "Чанчжэн" мебошад.

    Маълум аст, ки моҳвораҳои "Сивэй-Гаосзин" ба ширкати тиҷоратии China Siwei Survey and Mapping Technology, ки шӯъбаи Корпоратсияи илм ва технологияи кайҳонии Чин (CASC) мебошад, тааллуқ доранд. Ин дастгоҳҳо маълумоти мушоҳидаи заминро бо истифодаи оптика барои аксбардорӣ ва харитасозии топографӣ, пешгирӣ ва коҳиши оқибатҳои офатҳои табиӣ ва мониторинги баҳр пешниҳод мекунанд, хабар медиҳад tass.ru.


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech